Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 2.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар он 280 нафар довталабон аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номина иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо мегузоранд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун довталабон аз ноҳияҳои пойтахт аз рӯи номинаҳои «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва номинаи «шоирӣ» миёни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати комиссияи озмун, барои ҳавасманд намудани иштирокчиён 111 ҷоиза бо маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 90 ҷоиза тибқи номинаҳо барои ғолибони озмун, 20 ҷоиза барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва 1 Шоҳҷоиза тасдиқ карда шудааст.
Яке аз иштирокчиёни озмун- хонандаи синфи 11 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии № 17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Наргис Шарифова иброз дошт, ки баргузории озмуни мазкур барои наврасону ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки донишу маҳорати худро боз ҳам сайқал дода, бо ин роҳ хотираи худро мустаҳкам намоянд. Ба андешаи ин иштирокчӣ, баргузории озмуни мазкур барои тамоми дӯстдорону ҳаводорони олами китоб самараву натиҷаҳои хубу назаррас ба бор меорад.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур- баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






