Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Ноябрь 2, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 2.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар он 280 нафар довталабон аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ  ва Шоҳмансур дар панҷ номина иштирок намуда,  ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон  ба дониши онҳо баҳо мегузоранд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун довталабон аз ноҳияҳои пойтахт аз рӯи номинаҳои «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик», «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» ва номинаи «шоирӣ» миёни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ менамоянд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати комиссияи озмун, барои ҳавасманд намудани иштирокчиён 111 ҷоиза бо маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 90 ҷоиза тибқи номинаҳо барои ғолибони озмун, 20 ҷоиза барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва 1 Шоҳҷоиза тасдиқ карда шудааст.

Яке аз иштирокчиёни озмун- хонандаи синфи 11 –и муассисаи таҳсилоти миёнаи уммии № 17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Наргис Шарифова иброз дошт, ки баргузории озмуни мазкур барои наврасону ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки донишу маҳорати худро боз ҳам сайқал дода, бо ин роҳ хотираи худро мустаҳкам намоянд. Ба андешаи ин иштирокчӣ, баргузории озмуни мазкур барои тамоми дӯстдорону ҳаводорони  олами  китоб  самараву натиҷаҳои хубу назаррас ба бор меорад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур- баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст