Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ё Сонг Бэро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии тадорукотию мундариҷавии Форуми 14-уми вазирони корҳои хориҷии абзори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои гуногун табодули афкор намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






