Дар Душанбе Форуми 14-уми ҳамкорӣ ва нахустин Анҷумани соҳибкорони Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иҷлосияи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкорӣ ва нахустин Анҷумани соҳибкорони Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
29 ноябр дар остонаи баргузории Форуми 14-уми ҳамкорӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ нахустин Анҷумани соҳибкорони «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор мегардад, ки он ба ҳамкории минбаъдаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои авлавиятнок мусоидат хоҳад кард.
Инизор меравад, ки дар иҷлосияи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро бо дарназардошти пайомадҳои ҳамагирӣ, инчунин равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ кунанд.
Ҳамчунин иштирокдорон номзади директори нави Котиботи Форумро тасдиқ намуда, нақшаи кории котиботро барои соли 2022 қабул менамоянд.
Дар интиҳои Форум Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум қабул мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 25 ноябри соли 2020 дар шаҳри Сеул Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея аз соли 2007 ба унвони як шӯрои машваратии ҳамгироишудаи давлатӣ ва шаҳрвандӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули мутақобила ва баланд бардоштани ҳусни тафоҳум миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қалби Авруосиё баргузор мешавад.
ДАР АКС: 13-умин Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея», ш.Сеул, 25 ноябри соли 2020. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад






