Дар Душанбе Форуми 14-уми ҳамкорӣ ва нахустин Анҷумани соҳибкорони Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад

Ноябрь 28, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иҷлосияи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкорӣ ва нахустин Анҷумани соҳибкорони Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

29 ноябр дар остонаи баргузории Форуми 14-уми ҳамкорӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ нахустин Анҷумани соҳибкорони «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор мегардад, ки он ба ҳамкории минбаъдаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои авлавиятнок мусоидат хоҳад кард.

Инизор меравад, ки дар иҷлосияи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро бо дарназардошти пайомадҳои ҳамагирӣ, инчунин равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин иштирокдорон номзади директори нави Котиботи Форумро тасдиқ намуда, нақшаи кории котиботро барои соли 2022 қабул менамоянд.

Дар интиҳои Форум Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум қабул мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 25 ноябри соли 2020 дар шаҳри Сеул Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея  аз соли 2007 ба унвони як шӯрои машваратии ҳамгироишудаи давлатӣ ва шаҳрвандӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули мутақобила ва баланд бардоштани ҳусни тафоҳум миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қалби Авруосиё баргузор мешавад.

 

ДАР АКС: 13-умин Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея», ш.Сеул, 25 ноябри соли 2020. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 28, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»