Дар Душанбе Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад

Ноябрь 25, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иҷлосияи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 «Дар Форуми мазкур роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро бо дарназардошти пайомадҳои ҳамагирӣ, инчунин равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро баррасӣ хоҳанд кард»,- иттилоъ доданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин иштирокдорон номзади Директори нави Котиботи Форумро тасдиқ намуда, Нақшаи кории котиботро барои соли 2022 қабул менамоянд.

Дар интиҳои Форум Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум қабул мешавад.

Бояд гуфт, ки дар остонаи баргузории 14-ум Форуми ҳамкорӣ, 29 ноябри соли равон дар Душанбе бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея ва намояндагони бахши хусусӣ нахустин Анҷумани соҳибкорони «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» низ барпо мешавад, ки дар он ҳамкории баъдии тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои авлавиятнок баррасӣ мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки 25 ноябри соли 2020 дар шаҳри Сеул 13-умин Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея бо иштироки вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея  аз соли 2007 ба унвони як шӯрои машваратии ҳамгирошудаи давлатӣ ва шаҳрвандӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули мутақобила ва баланд бардоштани ҳусни тафоҳум байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қалби Авруосиё баргузор мешавад.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 25, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд