Дар Душанбе масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябр дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ» Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар кори конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, олимон ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Зимни конфронс муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода иброз намуд, ки «мақсад аз баргузории ҳамоиши байналмилалӣ- ин мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, сифати сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, техникаю технологияи муосир дар сохтмон мебошад. Соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир ниёзмандӣ ва талабот ба он мунтазам зиёд мегардад».
Иттилоъ дода шуд, ки конфронси мазкур ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, мавзӯи асосии он ба дастовардҳои меъморӣ ва шаҳрсозии дар даврони истиқлолият бадастомада бахшида шудааст.
Ба зикри иштирокчиёни конфронс, дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ баланд гардида, талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии бино ва иншооти сохташаванда меафзояд.
Бояд иброз намуд, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ рӯ ба пешрафт ниҳода, сатҳи зиндагии аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст. Бинобар он масъалаҳои муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бояд мавриди муҳокимаи доираи васеи мутахассисони соҳа қарор гирифта, ин таҷрибаро дар фаъолияти амалии худ татбиқ намоянд.
Зикр карда шуд, ки лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводи сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобоварии объектҳо гузаронда мешавад. Таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо ва иншоот бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари амалкунанда, инчунин шартҳои техникӣ, нақшаи рушди ҳудудӣ ва нақшаҳои генералӣ иҷро карда мешавад.
АКС аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ








Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






