Дар Душанбе масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардиданд

Ноябрь 13, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябр дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ» Конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар кори конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо, ташкилоти сохтмонӣ, лоиҳакашӣ, олимон ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Зимни конфронс муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода  иброз намуд, ки «мақсад аз баргузории ҳамоиши байналмилалӣ- ин мубодилаи афкори илмӣ-амалӣ, муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, сифати сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, техникаю технологияи муосир дар сохтмон мебошад. Соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир ниёзмандӣ ва талабот ба он мунтазам зиёд мегардад».

Иттилоъ дода шуд, ки конфронси мазкур ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, мавзӯи асосии он ба дастовардҳои меъморӣ ва шаҳрсозии дар даврони истиқлолият бадастомада бахшида шудааст.

Ба зикри иштирокчиёни конфронс, дар ҷумҳурӣ сатҳу сифати лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ баланд гардида, талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии бино ва иншооти сохташаванда меафзояд.

Бояд иброз намуд, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ рӯ ба пешрафт ниҳода, сатҳи зиндагии аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст. Бинобар он масъалаҳои муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бояд мавриди муҳокимаи доираи васеи мутахассисони соҳа қарор гирифта, ин таҷрибаро дар фаъолияти амалии худ татбиқ намоянд.

Зикр карда шуд, ки лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмонӣ бо истифодаи маводи сохтмонӣ ва конструксияҳои таъминкунандаи ҳисобкунии ба заминҷунбӣ тобоварии объектҳо гузаронда мешавад. Таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо ва иншоот бо риояи меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовари амалкунанда, инчунин шартҳои техникӣ, нақшаи рушди ҳудудӣ ва нақшаҳои генералӣ иҷро карда мешавад.

АКС аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 13, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид