Дар Душанбе масоили самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 11 ноябр ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба мавзӯи «Самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун» дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласа имконияти шиносоӣ бо натиҷаҳо, дастовард ва мушкилот, ҳамчунин дастгирӣ аз ҷонибаи Барномаи Рушди СММ бо мақсади расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро дар Тоҷикистон пайдо намуданд. Аз ҷониби БРСММ зикр гардид, ки Барномаи стратегии рушди СММ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи Умумиҷаҳонии рушди СММ, ки самти фаолияташон аз мустаҳкамнамоии волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини сулҳ ва мусоидат ба рушд дар шароити буҳронӣ, низоъ ва ноустуворӣ иборат аст, тасдиқ мегарданд.
Зикр карда шуд, ки дар ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.
АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






