Дар Душанбе масоили самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун баррасӣ шуд

Ноябрь 15, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 11 ноябр ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравиро оид ба мавзӯи «Самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун» дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, хабар доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат  ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои самаранокии низоми идоракунии давлатӣ ва волоияти қонун, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.

Иштирокчиёни нахустҷаласа имконияти шиносоӣ бо натиҷаҳо, дастовард ва мушкилот, ҳамчунин дастгирӣ аз ҷонибаи Барномаи Рушди СММ бо мақсади расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро дар Тоҷикистон пайдо намуданд. Аз ҷониби БРСММ зикр гардид, ки Барномаи стратегии рушди СММ барои солҳои 2022-2025 ва Барномаи Умумиҷаҳонии рушди СММ, ки самти фаолияташон аз мустаҳкамнамоии волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини сулҳ ва мусоидат ба рушд дар шароити буҳронӣ, низоъ ва ноустуворӣ иборат аст, тасдиқ мегарданд.

Зикр карда шуд, ки дар ҷаласа низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ гашта, фарқияти асосии он аз низоми мониторинг ва арзёбии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамчунин ҳамгироии ҲРУ дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ муҳокима шуд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмуъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 15, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид