Дар Душанбе таҳти унвони «Дурахши ахтари дониш зи Истиқлол бошад» ҳамоиш доир гардид

Ноябрь 12, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода имрӯз таҳти унвони «Дурахши ахтари дониш зи Истиқлол бошад» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода дар кушодашавии Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» иштирок намуда, зикр намуд, ки Донишкадаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гаштааст. Таҳсили донишҷӯёни ин донишкада дар донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалии давлатҳои хориҷи кишвар далели ин гуфтаҳост.

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки ин донишкадаи такягоҳӣ ягона донишкада дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дар самти таёр намудани мутахассисон бо ихтисосҳои забонҳои гуногун фаъолият мекунад. Ректори донишкадаи мазкур Жило Гулназарзода иброз дошт, ки донишкада дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти худро ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф ва илм равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон саҳми арзанда мегузорад.

30 барномаи зинаи бакалавриат, 5 барномаи зинаи  магистратура ва 5 барномаи зинаи докторантура аз рӯи ихтисос, ки 28-тои он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфтаанд, аз ҷумлаи дастовардҳои ин давраанд.

Бино ба иттилои мавсуф, дар Донишкада нисбат ба соли 1991 шумораи донишҷӯён 50,6 фоиз зиёд гардида, ҳамчунин 79,8 фоиз зиёд гардидани қабули донишҷӯён, таълиму тадрис бо технологияҳои муосир ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетӣ яке аз дастовардҳои Донишкада дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.

Дар Донишкада Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» ифтитоҳ гардид. Декани факултети забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Зубайдулло Мусайямов  дар суҳбат бо мо гуфт, ки ифтитоҳи Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» таҷрибаи аввал дар байни муассисаҳои олии мамлакат мебошад, ки ҷиҳати омода кардани донишҷӯён барои супоридани имтиҳони сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар марказ мутахасисони сатҳи байналмилалӣ ҷалб гардидаанд, ки бо довталабон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд. Яке аз имконияти ин марказ бархурдор гардидани дорандагони сертификати имтиҳони байналмилалии «TOEFL» аз бурсияҳои давлатҳои Аврупо, Амрико ва Канада мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Донишкада соли 2021 ҳамчун соли чопи китобҳо эълон шуда, имрӯз зимни ҳамоиш китобҳои тозанашри  замони соҳибистиқлолӣ рӯнамоӣ гардиданд.

Дар охир  барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада пешниҳоди ҳозирин гардид.

София  ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: ДДЗТ

Ноябрь 12, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи варзишӣ ва Маркази саломатии деҳоти «Чинор» ифтитоҳ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд