Дар Гулистон мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд

Ноябрь 4, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаи варзишӣ аз  намуди бокс миёни наврасону ҷавонони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва маркази шаҳр дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода  ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар». 

Дар мусобиқаи мазкур беш аз 67 нафар тамринкунандагони ин намуди варзиш дар вазнҳои гуногун миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа 30 нафар варзишгарон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи вазнҳои гуногун мушарраф гардиданд. Ғолибон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон бо диплом ва медал қадрдонӣ шуданд.

Дар мусобиқа масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва мактаби варзишӣ иштирок доштанд.

                                                                                                                    АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст