Дар Лахш ба муносибати Рӯзи Конститутсия силсиламаҷлисҳои тантанавӣ доир шуданд
ЛАХШ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳукумати ноҳияи Лахш ва ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникӣ, Коллеҷи омӯзгории ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» силсиламаҷлисҳои тантанавӣ доир намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳамчунин ба ифтихори ин санаи муҳим дар Литсейи касбӣ- техникии ноҳияи Лахш барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои дастиву маҳсулоти нонӣ доир шуд.
Дар ҳамоишҳо зикр карда шуд, ки “Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусияти хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд”.
Сокини ноҳияи Лахш Гулрухсор Олимзода гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар халқи Тоҷикистонро ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ муқаррар мекунад ва давлатро вазифадор месозад, ки манфиати ҳамаи гурӯҳу табақот, қавму миллатҳоеро, ки ҳамчун халқи Тоҷикистон эътироф шудаанд, яксон ҳифзу ҳимоя кунад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш












Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






