Дар Москва Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Русия оғоз гардид

Ноябрь 30, 2021 14:53

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Русия оғоз ёфт, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Назаров тариқи маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Форуми мазкур аз ҷумҳурии мо 8 нафар аз ҳисоби масъулини сохторҳои тобеи Кумита ва ташкилоти ҳамкор иштирок дошта, Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои  кор бо ҷавонони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин дар доираи санадҳои баимзорасидаи дуҷонибаи соҳавӣ ва густариш бахшидани ҳамкорӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия тасмим гирифтаанд, ки аз 30 ноябр то 1 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Русияро баргузор намоянд.

АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 30, 2021 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад