Дар Намангон вохӯрии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон доир шуд

Ноябрь 30, 2021 08:11

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 27 ноябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистон ва Узбекистон омода карда шуданд.

Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек доир шуд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 30, 2021 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид