Дар ноҳияи Ховалинг 500 гектар замин обёрӣ ва 20 гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон корҳои тоза ва барқароркунии чоҳҳои амудӣ аз ҳисоби маблағҳои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба анҷом расида, соли равон дар ноҳия 13 чоҳи амудӣ барқарор гардида, 500 гектар замин бо об таъмин ва 20 гектар замини нав аз худ гардидааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои иҷрошуда Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон бо сокинони маҳаллӣ, ки онҳо низ баъди барқарор гардидани чоҳҳои обкашӣ бо оби нӯшокӣ таъмин шудаанд, ҳамсуҳбат шуда, ба пудратчиён барои иҷрои корҳо миннатдорӣ баён намуданд.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобидаву партов, заминҳои обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода бурда мешаванд ва азхудкунии заминҳои нав таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, масъулини соҳа тибқи дастури Пешвои миллат вобаста ба ин масъала тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд.
Айни ҳол Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ якҷоя бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вобаста ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Қубодиёни вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ корҳоро идома дода истодаанд.
АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ










Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






