Дар ноҳияи Ховалинг 500 гектар замин обёрӣ ва 20 гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид

Ноябрь 16, 2021 14:56

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинги  вилояти Хатлон корҳои тоза ва барқароркунии чоҳҳои амудӣ аз ҳисоби маблағҳои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба анҷом расида, соли равон дар ноҳия 13 чоҳи амудӣ барқарор гардида, 500 гектар замин бо об таъмин ва 20 гектар замини нав аз худ гардидааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои иҷрошуда Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон бо сокинони маҳаллӣ, ки онҳо низ баъди барқарор гардидани чоҳҳои обкашӣ бо оби нӯшокӣ таъмин шудаанд, ҳамсуҳбат шуда, ба пудратчиён барои иҷрои корҳо миннатдорӣ баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи ба гардиши кишоварзӣ ворид  намудани заминҳои бекорхобидаву партов, заминҳои обие, ки ҳамчун лалмӣ истифода бурда мешаванд ва азхудкунии заминҳои нав таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, масъулини соҳа тибқи дастури Пешвои миллат вобаста ба ин масъала тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд.

Айни ҳол Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ якҷоя бо  Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вобаста ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Қубодиёни вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ корҳоро идома дода истодаанд.

 АКСҲО: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ

Ноябрь 16, 2021 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи моҳипарварӣ, ташкил намудани гармхонаҳо, бунёди анбор ва сардхонаҳо ҳамкорӣ менамоянд
Дар Душанбе масъалаи рақамисозии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Ҳайати Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария бо вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон шинос шуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, хусусан парвариши лочин густариш медиҳанд
Ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ба минтақа мутобиқсозии навъҳои растании Вазорати кишоварзии Тоҷикистон доир гардид
Шенни Кэмпбелл: «Дар Тоҷикистон босамартарин лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд татбиқ карда мешавад»
Саридораи геологияи Тоҷикистон дар мавзуи «Усулҳои муосири кор бо маълумоти геологӣ» машварати омӯзишӣ баргузор намуд
Роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои WSBI дар Бонн бо таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Олмон шинос гардиданд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда байни Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии авруосиёӣ баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ОЗУҚАВОРӢ. Танҳо як ҳолати назарногири риоя накардани ин талабот боиси сар задани бемориҳо ва марги инсонҳо мешавад
СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ. Дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд