Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд

Ноябрь 22, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар деҳаи Ҷомии Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №173 ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур муовини Вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, сардори раёсати  маорифи ноҳия, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки бинои иловагии муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Меликов бунёд ёфта, дорои 8 синфхона ва толори маҷлисгоҳ мебошад ва барои 192 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода зикр кард, ки бо ташаббуси шахсони хайрхоҳу ватандӯст дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави муассисаҳои таълимии №7, 35, 85 ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ бо сифати баланд бунёд ёфтанд.

«Боварӣ дорам, ки омӯзгорони таълимгоҳи №173 дар ҷавоби ин ғамхориҳо пурмаҳсул меҳнат мекунанд, сифати кори таълиму тарбияро баланд мебардоранд ва шогирдони сазовори давру замон тарбия карда, ба воя мерасонанд, — иброз дошт раиси ноҳия Исматзода.

Дар маросими ифтитоҳи бинои муассиса инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба соҳибкор Баҳриддин Меликов Сипоснома супорида шуд.

АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 22, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд