Дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 6.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди қабули Конститутсия барои амалӣ намудани нишондоди он наздик ба 400 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои навини ҷомеаро ба роҳ монда, барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, устувор гардонидани рукнҳои асосии давлатдорӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлатӣ, барқарор намудани асосҳои сохти сиёсӣ ва иқтисодӣ шароит фароҳам овард, ин нукта рӯзи 5 ноябри соли равон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид,хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи ҳисоб.
Ҳамчунин зимни ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошт.
Қарахон Чиллазода дар идома иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Муовини Раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода ва дигар кормандони Палата зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму иродаи халқи Тоҷикистон мебошад.
АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






