Дар Рӯзи Конститутсия дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 6, 2021 09:19

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври вилоятӣ барои мукофотонии ғолибони се озмуни ҷумҳуриявӣ — «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм- фурӯғи маърифат» зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба  беш аз 420 нафар иштирокчиён ва устодону волидони онҳо тақдим гардид. Ҳамчунин баъди бо муваффақият баргаштан аз даври ҷумҳуриявӣ ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ иловатан ба маблағи аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҳавасманд карда мешаванд, иброз намуд Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни тақдими диплому мукофотҳои пулӣ дар  ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба   Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 ноябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва пуштибонии манфиатҳои давлату миллат Кониститутсия нақши ниҳоят муассир дорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон доир ба мақому манзалати Конститутсия маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Раиси вилоят гуфт, ки дар озмунҳои имсола шумораи иштирокдорон ва сатҳи омодагии онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб беҳтар гардида, озмунҳои мазкур ба мусобиқаи зеҳнӣ табдил ёфтаанд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» давоми се сол аст, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гардида истодаанд ва ин баҳри дарёфти падидаҳои нав, муаррифии истеъдодҳо ва ҷалби мардум ба китобу мутолиа заминаи муносиб мегузорад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ба таври умумӣ 25 312 нафар довталаб иштирок намуданд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 6, 2021 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд