Дар Суғд ба хотири огоҳонидани мардум аз офати фалокатовари заминларза машварати дастурдиҳӣ баргузор шуд

Ноябрь 4, 2021 09:59

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар вилояти Суғд бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист ба хотири огоҳонӣ аз офати фалокатовари заминларза машварати дастурдиҳӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Дар ҷараёни машварат намояндагони бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахез ҷойгир шудаву пайваста дар кишвари мо заминларзаҳои шиддаташон гуногун ба қайд гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, ҳамеша ба аҳолӣ омӯзонидани амалҳо ва қоидаҳои бехатарӣ ҷиҳати коҳиши хатари ин гуна офатҳо ва расонидани ёриҳои аввалин ба осебдидагону ҷароҳатбардоштагон зарур аст.

Сардори  шуъбаи кор дар марказҳои таълимӣ-методии вилоятҳо ва курсҳои минтақавии Маркази таълимии Кумита,  подполковник  Маҳмадтоҳир Гадоев доир ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) ва идоракунии ҳолатҳои фавқулода, ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии пешгирии рафъи ҳолатҳои фавқулода бо истифода аз слайдҳову видеороликҳо маълумот дод.

“Шейк аут”- машқи омӯзишиест, ки ҳамасола дар  саросари ҷаҳон ҷиҳати омодагӣ ба заминларза ва ҳифз намудани хонандагону шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин усулро олимон ҳамчун беҳтарин восита ҳангоми рух додани заминларза тавсия менамоянд,-нишон дода шуд дар слайд.

Дар поёни машварат ба иштирокдорон маводи омӯзишӣ дар шакли электронӣ ва чопӣ бо теъдоди 5000 адад, китобчаҳо ва плакатҳо тақсим карда шуданд. Ин воситаҳои таблиғӣ бо маблағгузории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист таҳия ва чоп шудаанд.

 

АКСҲО: КҲФ ва МГ

Ноябрь 4, 2021 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд