Дар Тоҷикистон беш аз 393 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 21.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон то 18 ноябри соли равон 393 ҳазору 568 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, иттилоъ доданд аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат.
Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришудаи пахта ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки кишоварзон аз аввали мавсим то санаи мазкур беш аз 266 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Кишоварзони вилояти Суғд имсол дар майдони 49 ҳазору 679 гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки аз он 120 ҳазору 657 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 3007 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки аз он то санаи мазкур 6164,1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Вазорати кишоварзии мамлакат имсол дар майдони 173 ҳазору 945 гектар кишти пунбадона гузаронид, ки тибқи дурнамои истеҳсол аз ин майдон 419 ҳазор 511 тонна пахта истеҳсол менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






