Дар Тоҷикистон даври интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз шуд

Ноябрь 15, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» даври интихобии Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» оғоз гардид, ки он тавассути 5 шабакаи телевизонии ҷаҳон- «НТК»-и Қазоқистон, «Севимли»-и Узбекистон, КТРК-и Қирғизистон, «ТВ Сафина»-и Тоҷикистон ва ҳамчунин «Хазар ТВ»-и Озарбойҷон пахш мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз МД «ТВ Сафина».

Дар Озмуни телевизионии «The Central Asia’s Got Talent» сокинони соҳибистеъдод аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва имсол аз Озарбойҷон, новобаста ба сол ва шуғл иштирок  карда метавонанд. Озмун дар панҷ марҳила сурат мегирад: кастинг, санҷишҳои кушод, чорякфинал, нимфинал ва Гранфинал. Дар даври аввал истеъдодҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон интихоб мешаванд, дар даври охирин ғолиби асосӣ аз ҷониби тамошобинон тариқи смс паёмак интихоб мегардад.

Бояд гуфт, ки  соли 2019 овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов ғолиби мутлақи озмун ва гирандаи 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар ҷоизаи асосии озмун гардида буд. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад. Чоршанбе Аловатов яке аз 12 иштирокдори даври ниҳоии озмуни “Central Asia’s Got Talent” ва намояндаи ягонаи Тоҷикистон дар даври охирин буд.

Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал ба забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард. Вай дар даврҳои гузашта таронаи «Агар он турки шерозӣ»-и Далер Назаров ва «Акрамҷон»-и Муборакшоро хонда, мавриди ситоиши доварону тамошобинон қарор гирифта буд.

Дар назар аст, ки пагоҳ дар МД «ТВ Сафина» бо иштироки овозхони тоҷик Чоршанбе Аловатов нишасти хабарӣ баргузор гардад.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Ноябрь 15, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад