Дар Тоҷикистон истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 ҳазор тонна зиёд гардидааст

Ноябрь 12, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 ноябр дар мамлакат беш аз 691 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар медиҳад.

То санаи зикршуда дар майдони 34 182 гектар  кишти картошка гузаронида шудааст,  ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1921 гектар зиёд мебошад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, деҳқонони вилояти Суғд дар ҷамъоварии картошка саҳми назаррас гузошта, то ин муддат  беш аз 340 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд.

То имрӯз дар вилояти Хатлон беш аз 108 ҳазор тонна, ВМКБ 17 ҳазор тонна ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 224 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 12, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд