Дар Тоҷикистон истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 ҳазор тонна зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 ноябр дар мамлакат беш аз 691 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар медиҳад.
То санаи зикршуда дар майдони 34 182 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1921 гектар зиёд мебошад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, деҳқонони вилояти Суғд дар ҷамъоварии картошка саҳми назаррас гузошта, то ин муддат беш аз 340 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд.
То имрӯз дар вилояти Хатлон беш аз 108 ҳазор тонна, ВМКБ 17 ҳазор тонна ва дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 224 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон роботи интеллектуалии насли нав ба раванди таълим ҷорӣ гардид
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Корхонаи ғанигардонии мису қалъагӣ аз нав ба кор оғоз менамояд
Дар Панҷакент масоҳати кишти картошка васеъ гардонида мешавад
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 199 гармхона фаъолият дорад
Дар Форуми Trans-Caspian 2026 имкониятҳои Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар самти энергетикаи барқароршаванда тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд






