Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон баррасӣ гардид

Ноябрь 18, 2021 15:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябр ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода баргузор гардид, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Вобаста ба омодагии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 иттилоъ дода шуд, ки талаботи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, дар маҷмӯъ, 12 ҳазору 820 тонна ангишт, 10 ҳазору 015 метри мураббаъ ҳезум ва 41516,9 литр сӯзишвории дизелӣ муайян гардида, ба ҳолати 01.11.2021- 11238 тонна ангишт, 8775 метри мураббаъ ҳезум ва 21 ҳазору 34 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.

Ҳамчунин 164 дегхона, 2 ҳазору 757 адад гармкунаки барқӣ ва 11 ҳазору 156 печи аловӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои мавсими зимистонгузаронӣ омода карда шудаанд.

Дар ҷараёни ҷаласа мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли равон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022»  доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон  ҳисобот доданд.

Дар охир аз ҷониби раиси ҷаласа, муовини Вазири маориф Нуралӣ Собирзода ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли зимистон тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 18, 2021 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад