Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ноябр ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода баргузор гардид, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Вобаста ба омодагии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 иттилоъ дода шуд, ки талаботи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, дар маҷмӯъ, 12 ҳазору 820 тонна ангишт, 10 ҳазору 015 метри мураббаъ ҳезум ва 41516,9 литр сӯзишвории дизелӣ муайян гардида, ба ҳолати 01.11.2021- 11238 тонна ангишт, 8775 метри мураббаъ ҳезум ва 21 ҳазору 34 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Ҳамчунин 164 дегхона, 2 ҳазору 757 адад гармкунаки барқӣ ва 11 ҳазору 156 печи аловӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои мавсими зимистонгузаронӣ омода карда шудаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли равон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2021 «Дар бораи сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ҳисобот доданд.
Дар охир аз ҷониби раиси ҷаласа, муовини Вазири маориф Нуралӣ Собирзода ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи вазорат дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли зимистон тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.
АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






