Директори Агентии содирот ва Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина таъсиси Мактаби содиротро баррасӣ намуданд

Ноябрь 1, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина  Ирина Тихомирова оид ба омӯзиши таҷрибаи байналмилалии пешбурди содирот баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, мусоидат намудан ҷиҳати рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин ба масъалаи таъсиси мактаби содиротӣ дар назди Агентии содирот ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Вазифаҳои асосии мактаби содиротӣ пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва касбӣ ба содиркунандагон тавассути дастгирии методологӣ, иттилоотӣ, машваратӣ оид ба рушди ҳамкорӣ миёни содиркунандагон, бастани шартномаҳои содиротӣ, инчунин омӯзиш дар таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои рушди содирот, дар маҷмӯъ ташкили ҳамкории самарабахши субъектҳо бо мақомоти давлатӣ мебошанд.

Айни замон Агентии содирот якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот доир ба масъалаи таъсиси Мактаби содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дастгирии иттилоотӣ ва таълимӣ ба субъектҳои содироткунанда барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъминоти содиротии онҳо кор мебарад.

 АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 1, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд