Директори Агентии содирот ва Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина таъсиси Мактаби содиротро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина Ирина Тихомирова оид ба омӯзиши таҷрибаи байналмилалии пешбурди содирот баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, мусоидат намудан ҷиҳати рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин ба масъалаи таъсиси мактаби содиротӣ дар назди Агентии содирот ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Вазифаҳои асосии мактаби содиротӣ пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва касбӣ ба содиркунандагон тавассути дастгирии методологӣ, иттилоотӣ, машваратӣ оид ба рушди ҳамкорӣ миёни содиркунандагон, бастани шартномаҳои содиротӣ, инчунин омӯзиш дар таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои рушди содирот, дар маҷмӯъ ташкили ҳамкории самарабахши субъектҳо бо мақомоти давлатӣ мебошанд.
Айни замон Агентии содирот якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот доир ба масъалаи таъсиси Мактаби содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дастгирии иттилоотӣ ва таълимӣ ба субъектҳои содироткунанда барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъминоти содиротии онҳо кор мебарад.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






