Доир ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба пешгирии тақсимоти ғайриқонунии замин ва сохтмони худсарона дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳамчунин барои пешгирии қонунвайронкуниҳо ва сари вақт бартараф намудани онҳо аз ҳисоби кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб дар мавзеъҳои осебпазир навбатдорӣ ташкил гардидааст. Дар ин бора зимни ҷаласаи корие, ки бо иштироки раисони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, хабар дода шуд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода иброз дошт, ки гурӯҳҳои корӣ якҷоя бо Раёсати назорати иҷрои қонунгузории замини Прокуратураи генералӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунии заминҳо, худсарона ишғол намудан, сохтмони худсарона дар талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар Ҷамоати деҳоти Чоряккорон, деҳаҳои Зафар, Чоряккорон дара, Ҳуснобод, Меҳробод, Армуғон ва Маърифати Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаҳои Бакавул, Девдара, Дашти хорзо, Гулбоғ, Шодоби Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб, маҳаллаҳои Лучоби ноҳияи Сино, Ховарони ноҳияи Шоҳмансур, маҳалаи боғи Ғалабаи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин тибқи тартиби муқарраргардида чораҷӯӣ намудаанд. Прокуратураи генералӣ барои пешгирии қонунвайронкунӣ, истифодаи ғайримақсадноки қитъаҳои замин, махсусан заминҳои таъйиноти кишоварзӣ ва сохтмони худсарона дар онҳо тадбирҳои қатъӣ андешида, шахсони алоҳидаро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд.
Ориф Хоҷазода аз раисони кумитаҳои идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ, Варзоб, муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб вазъиятро пурсида, ҷиҳати пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз сидқи дил ва софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ, зиёд намудани корҳои тарғиботӣ барои истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаҳои замин супоришҳо дод.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки барои ба «Минтақаи сабз» табдил додани талу теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе ва ба ин восита беҳтар намудани вазъи экологии пойтахт бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд. Изҳори боварӣ гардид, ки иштирокчиёни ҷаласа, махсусан раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ба пешгирии қонунвайронкунӣ ва сари вақт бартараф намудани қонуншиканиҳои ошкоршуда мусоидат намуда, ҳамкориро дар ин самт бо кумитаҳои идораи замин дар маҳал беҳтар ба роҳ мемонанд.
АКС: Кумитаи идораи замин ва геодезӣ








Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд






