Душанбе соли 2022 мизбони ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз мегардад
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони Фонди иқлими сабз доир шуда, ҳамзамон Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди иқлими сабз ба имзо расад.
Ин ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди иқлими сабз дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори минтақавии Фонди иқлими сабз Па Оусман Чарчу дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, ки мусоҳибон инчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бо маблағгузории Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон амалишаванда, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ бо ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабзро баррасӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода ва Па Оусман Чарчу ҳамзамон дар масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, ки дар стратегияҳои миллӣ дарҷ гардидаанд, ба мувофиқа расиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






