Филми коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов дар кинофестивали «Бурҷи тиллоӣ» муаррифӣ мешавад

Ноябрь 24, 2021 13:27

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов дар барномаи озмуни VII Фестивали байналмилалии кино «Бурҷи тиллоӣ» ширкат мекунад. Дар ин бора Румӣ Шоазимов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

 Фестивали VII байналмилалии кино “Бурҷи тиллоӣ” аз 29 ноябр то 4 декабр, пас аз танаффуси яксола бар асари пандемияи коронавирус дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Ингушетия баргузор мешавад. Муаллифони идеяи баргузории он муовини раиси Иттифоқи кинематографистони Русия, ҳунарпешаи халқӣ Клим Лаврентев мебошад. Ҷоизаи асосии фестивал — нусхаи тиллоии майдакардаи  бурҷи асримиёнагии ингушҳо мебошад”- гуфт коргардон дар суҳбат.

Филмҳое, ки дар фестивал ширкат мекунанд, бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ мебошанд, ки дар ду жанр- кӯтоҳ ва пурра ба навор гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар доираи фестивали кино дар вилоят намоиши анъанавии филмҳои ройгон ва филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон баргузор мешавад.

Маросими ифтитоҳи фестивал 29 ноябр баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нахустин фестивали кинои «Бурҷи тиллоӣ» тирамоҳи соли 2014 дар Ингушетия баргузор шуда буд. Соли 2018 дар ин фестивал беш аз 50 филм аз Русия, Қазоқистон, Беларус, Исроил, Эрон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат карданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2021 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд