Филми коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов дар кинофестивали «Бурҷи тиллоӣ» муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов дар барномаи озмуни VII Фестивали байналмилалии кино «Бурҷи тиллоӣ» ширкат мекунад. Дар ин бора Румӣ Шоазимов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Фестивали VII байналмилалии кино “Бурҷи тиллоӣ” аз 29 ноябр то 4 декабр, пас аз танаффуси яксола бар асари пандемияи коронавирус дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Ингушетия баргузор мешавад. Муаллифони идеяи баргузории он муовини раиси Иттифоқи кинематографистони Русия, ҳунарпешаи халқӣ Клим Лаврентев мебошад. Ҷоизаи асосии фестивал — нусхаи тиллоии майдакардаи бурҷи асримиёнагии ингушҳо мебошад”- гуфт коргардон дар суҳбат.
Филмҳое, ки дар фестивал ширкат мекунанд, бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ мебошанд, ки дар ду жанр- кӯтоҳ ва пурра ба навор гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар доираи фестивали кино дар вилоят намоиши анъанавии филмҳои ройгон ва филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон баргузор мешавад.
Маросими ифтитоҳи фестивал 29 ноябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки нахустин фестивали кинои «Бурҷи тиллоӣ» тирамоҳи соли 2014 дар Ингушетия баргузор шуда буд. Соли 2018 дар ин фестивал беш аз 50 филм аз Русия, Қазоқистон, Беларус, Исроил, Эрон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат карданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






