IFAD дар Тоҷикистон бо назардошти масъалаҳои иқлим лоиҳаи нав татбиқ менамояд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо бо маблағгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар Тоҷикистон зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Донал Браун дар ҳошияи Конфронси 26-уми Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мусоҳибон ҳамзамон таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллиро бо ҷалби маблағҳои Фонд ва дигар масъалаҳои ҳамкории судманд баррасӣ карданд.
Баҳодур Шерализода бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми миллӣ оид ба масъалаҳои Фонди иқлими сабз бо IFAD гуфт, ки лоиҳаи нави аз ҷониби IFAD дар ҳамкорӣ бо Кумита дар самти дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо назардошти масъалаҳои иқлим таҳиягардида ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Инчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки раванди мувофиқакунонии он дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом мерасад.
Лоиҳаи нав бо ҷалби маблағҳои IFAD ва Фонди иқлими сабз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






