IFAD дар Тоҷикистон бо назардошти масъалаҳои иқлим лоиҳаи нав татбиқ менамояд

Ноябрь 9, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо бо маблағгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ  (IFAD)  дар Тоҷикистон зимни  мулоқоти  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва ноиби президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD)  Донал Браун дар ҳошияи Конфронси 26-уми Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мусоҳибон ҳамзамон таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллиро бо ҷалби маблағҳои Фонд ва дигар масъалаҳои ҳамкории судманд баррасӣ карданд.

Баҳодур Шерализода бо изҳори қаноатмандӣ  аз ҳамкории  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми миллӣ оид ба масъалаҳои Фонди иқлими сабз бо IFAD гуфт, ки лоиҳаи нави аз ҷониби IFAD дар ҳамкорӣ бо Кумита дар самти дастгирии соҳаи кишоварзӣ бо назардошти масъалаҳои иқлим таҳиягардида ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Инчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки раванди мувофиқакунонии он дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом мерасад.

Лоиҳаи нав бо ҷалби маблағҳои IFAD ва Фонди иқлими сабз аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 9, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ба маблағи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Вилояти Суғд бо ширкати «Инсян Групп»-и Чин оид ба истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ менамояд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид