ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ШАҲРСОЗӢ. Дар Душанбе муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд мегарданд

Ноябрь 8, 2021 09:27

ДУШАНБЕ, 8.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 1949 дар як зумра  давлатҳои  ҷаҳон 8 ноябр   Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрсозӣ   таҷлил мегардад.  Ин сана бори аввал аз ҷониби хатмкардаи Институти урбанизми Париж, профессори   Донишгоҳи  Буэнос-Айрес  Карлсон Мария-делла-Паолера   пешниҳод гардидааст. Ҳадаф  аз таҷлили ин рӯз рушди шаҳрҳо ва  фароҳам овардани шароити зист барои сокинон мебошад. Мувофиқи омори СММ,  то соли 2050 60 фоизи  аҳолии кураи Заминро сокинони шаҳр  ташкил хоҳанд дод, аз ин рӯ бунёд гардидани иншооти таъйиноти гуногун дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе айни муддаост.

Бо истифода аз ин маврид тасмим гирифтем мавзӯи бунёду навсозии муассисаҳои таълимии замонавии шаҳри Душанберо пайгирӣ намоем.

Тавре муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин Саидмуъминов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, Сарраёсат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 4 октябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон оид  ба истифода супоридани муассисаҳои таълимии нав дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Мавсуф иброз дошт, ки дар идомаи бунёдкорию созандагиҳо дар кӯчаҳои Яккачинор ва Дилкушои ноҳияи Фирдавсӣ низ сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст. Сохтмони муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакаши ҶДММ «Саодат» роҳандозӣ шудааст.

Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда ва муассисаи томактабӣ барои 600 ҷой, воқеъ дар кӯчаи Рустам Амакӣ, №2 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷараён доранд.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» таҳия гардида, муҳлати ба истифодадиҳии он соли 2022 муқаррар шудааст.

Дар кӯчаи  Баҳовуддинови ноҳияи Синои пойтахт сохтмони литсейи хусусӣ барои 1280 хонанда бо хобгоҳ ҷараён дорад. Лоиҳаи  ин иншоот аз ҷониби Ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ “Партнёр” таҳия гардидааст. Дар иншоот корҳои сохтмонӣ аз тарафи ташкилоти пудратии ҶДММ “Дақиқ” оғоз гардида, корҳои пардозгарӣ ва ободонӣ дар он идома доранд.

Сохтмони чунин мактаби хусусии замонавию муосир дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои пойтахт низ ҷараён дорад. Сохтмони муассисаи мазкур  бо ташаббуси бевоситаи  Раиси шаҳри Душанбе  соли 2019 оғоз ёфта, муҳлати баистифодадиҳии бино охири соли 2022 муайян гардидааст.

Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «ГМ ва Партнёрҳо» таҳия шуда, дар иншоот корҳои сохтмонӣ аз тарафи Ташкилоти пудратии ҶДММ «Бунёдкор Шодӣ» ҷараён доранд.

Дар кӯчаи Яккатути ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ бо дастгирии соҳибкорон сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар назар дошта шуда, он бо тарҳи муосиру замонавӣ аз ҷониби фармоишгар ҶДММ «Тоҷ Меъмор» ва лоиҳакаш ҶДММ «Тарроҳ» ба истифода дода мешавад.

Бунёд гардидани мактабҳои замонавӣ маҳз ба хотири беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар кишвар ба роҳ монда шуда, ба истифодадиҳии онҳо то охири соли 2022 марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст. Насли навраси имрӯза бояд аз чунин имконоти мусоиди фароҳамсохтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, барои боз ҳам беҳтар аз бар намудани донишҳои муосир ҳамаҷониба кӯшиш намояд.

Зарангези  ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва сардори Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе

 

Ноябрь 8, 2021 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад