Имтиҳонҳои қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва таҳсили яксолаи хизматчиёни давлатӣ баргузор шуданд

Ноябрь 2, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 октябр имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва таҳсили яксолаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи мазкур.

Дар ҷараёни имтиҳонҳои қабул Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Ҳайдар Хол, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатӣ Сомон Исматов ва дигар намояндагони Академия иштирок намуданд.

Қабули довталабон барои соли таҳсили 2021-2022 барои хизматчиёни давлатӣ ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»  аз рӯйи ихтисосҳои идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, сиёсати берунӣ ва дипломатия ва  менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

Ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва зинаи таҳсилоти яксолаи хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ 55 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, тариқи иншо, тест ва суҳбат малакаи касбии онҳо баҳогузорӣ карда шуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад.

Ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратураи мазкур малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд. Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Ноябрь 2, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад