Ютта Урпилайнен: Иттиҳоди Аврупо барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя 1 миллиард евро ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 23.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дар доираи бастаи дастгирӣ 1 миллиард евро ҷудо мекунад. Дар ин бора дирӯз дар Душанбе зимни изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен роҷеъ ба Афғонистон изҳор дошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
«Мо як бастаи дастгириро таҳия карда истодаем, ки 1 миллиард евроро барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ташкил медиҳад ва ин баста аз чанд ҷузъ иборат хоҳад буд», — гуфт ӯ ба ҷамъи хабарнигорон.
Ба таъкиди номбурда, ҷузъи якум фарогири кумаки башардӯстонаест, ки 300 миллион евроро ташкил медиҳад, ҷузъи дуюм муносибати башардӯстона плюс мебошад, ки бевосита ба эҳтиёҷоти асосӣ ва воситаҳои зиндагии мардум дар Афғонистон бидуни эътироф ё қонунияти Толибон ё ҷалби сохторҳои ҳукуматӣ расидагӣ мекунад. Ҷузъи сеюм дастгирии минтақаро пешбинӣ мекунад.
Вобаста ба ҳамкории дуҷониба Ютта Урпилайнен эълон дошт, ки ба Тоҷикистон барои 4 соли оянда дар самти рушди ҳамкорӣ ё худ шарикии дуҷониба 91 миллион евро ҷудо хоҳад шуд.
«Ин маблағ бо маблағҳо барои давраи солҳои 2025-2027 пас аз тафсири миёнамуҳлат тақрибан соли 2024 ҷиҳати дастрасӣ ба пешрафт пурра карда мешавад», — зикр намуд Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ.
Дар идома ӯ ҳамкории дуҷониба бо ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва дигар шариконро ёдовар гардида, гуфт, ки якҷо машваратҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
«Мо якҷоя се самти афзалиятнокро муайян кардем, ки дар давоми солҳои оянда асосан ба онҳо тамаркуз хоҳем кард, ки инҳо иқтисоди сабз ва рақамии фарогир; рушди инсон; захираҳои табиӣ, идора, самаранокӣ ва устуворӣ мебошанд», — такъид кард Ютта Урпилайнен.
Бо дахли барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ ӯ тазаккур дод, ки илова бар ин, Тоҷикистон метавонад аз ин барнома низ судманд бошад.
«Мо барои Осиёи Марказӣ ду афзалият дорем, ки асосан ба онҳо сармоягузорӣ мекунем. Инҳо аввалан устуворӣ, фарогирии об, энергия, ҳуқуқи инсон, занон ва тавонмандӣ, волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва сониян шукуфоӣ, пайвасти рақамии ҳукумат, соҳибкорӣ, тиҷорати минтақавӣ ва рушди инсон мебошанд», — гуфт дар фарҷом Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ.
Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен барои иштирок дар ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 22 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба Тоҷикистон омаданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд






