Ютта Урпилайнен: Иттиҳоди Аврупо барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя 1 миллиард евро ҷудо мекунад

Ноябрь 23, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон дар доираи бастаи дастгирӣ 1 миллиард евро ҷудо мекунад. Дар ин бора дирӯз дар Душанбе зимни изҳороти матбуотӣ пас аз музокирот бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ютта Урпилайнен роҷеъ ба Афғонистон изҳор дошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

«Мо як бастаи дастгириро таҳия карда истодаем, ки 1 миллиард евроро барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ташкил медиҳад ва ин баста аз чанд ҷузъ иборат хоҳад буд», — гуфт ӯ ба ҷамъи хабарнигорон.

Ба таъкиди номбурда, ҷузъи якум фарогири кумаки башардӯстонаест, ки 300 миллион евроро ташкил медиҳад, ҷузъи дуюм муносибати башардӯстона плюс мебошад,  ки бевосита ба эҳтиёҷоти асосӣ ва воситаҳои зиндагии мардум дар Афғонистон бидуни эътироф ё қонунияти Толибон ё ҷалби сохторҳои ҳукуматӣ расидагӣ мекунад. Ҷузъи сеюм дастгирии минтақаро пешбинӣ мекунад.

Вобаста ба ҳамкории дуҷониба Ютта Урпилайнен эълон дошт, ки ба Тоҷикистон барои 4 соли оянда дар самти рушди ҳамкорӣ ё худ шарикии дуҷониба 91 миллион евро ҷудо хоҳад шуд.

«Ин маблағ бо маблағҳо барои давраи солҳои 2025-2027 пас аз тафсири миёнамуҳлат тақрибан соли 2024 ҷиҳати дастрасӣ ба пешрафт пурра карда мешавад», — зикр намуд Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ.

Дар идома ӯ ҳамкории дуҷониба бо ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва дигар шариконро ёдовар гардида, гуфт, ки якҷо машваратҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

«Мо якҷоя се самти афзалиятнокро муайян кардем, ки дар давоми солҳои оянда асосан ба онҳо тамаркуз хоҳем кард, ки инҳо иқтисоди сабз ва рақамии фарогир; рушди инсон; захираҳои табиӣ, идора, самаранокӣ ва устуворӣ мебошанд», — такъид кард Ютта Урпилайнен.

Бо дахли барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ ӯ тазаккур дод, ки илова бар ин, Тоҷикистон метавонад аз ин барнома низ судманд бошад.

«Мо барои Осиёи Марказӣ ду афзалият дорем, ки асосан ба онҳо сармоягузорӣ мекунем. Инҳо аввалан устуворӣ, фарогирии об, энергия, ҳуқуқи инсон, занон ва тавонмандӣ, волоияти қонун, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва сониян шукуфоӣ, пайвасти рақамии ҳукумат, соҳибкорӣ, тиҷорати минтақавӣ ва рушди инсон мебошанд», — гуфт дар фарҷом Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ.

Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл ва Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ  Ютта Урпилайнен барои иштирок дар ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки 22 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба Тоҷикистон омаданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд