ҒИЗОИ СОЛИМ-КАФИЛИ САЛОМАТИИ ИНСОН. Дар Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон зимни истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ қонун қабул гардид

Ноябрь 5, 2021 12:57

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 27 октябр аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» қабул гардид.

Зеро ғизои солим-кафили саломатӣ ва гарави масунияти қавии инсон буда, барои рушди муътадилу инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон аз ҷиҳати физиологӣ, витамин ва минералҳо зарур аст, зеро он бояд тавассути истеъмоли ғизо ба организми инсон ворид гарданд.

Дар ин бора вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, номзади илмҳои иқтисодӣ Зоир РАҲМОНЗОДА ба хабарнигори АМИТ “Ховар” андешаҳояшро иброз намуд.

Мавсуф зикр кард, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи мазкур аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба қонунҳои амалкунандаи соҳа, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи он ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе муносибатҳоест, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашуда буданд. Ҳамзамон ин қонун ба таъмини ҳифзи саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон равона гардида, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатноку бехатар ва ба талаботи санитариву физиологии инсон мувофиқро танзим менамояд.

Ба намуди маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда тибқи моддаи 17-и қонуни мазкур орд ва маҳсулоти нонӣ, ширу маҳсулоти аз шир тайёршуда, намак, шакар, нӯшокиҳо ва маҳсулоти ғизоии кӯдакона дохил мешаванд. Ғанигардонии гурӯҳҳои алоҳидаи маҳсулот, ба монанди маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби кӯдакон бисёртар истеъмол мешаванд, нигаронӣ ва тавваҷуҳи масъулинро бештар карда, муваззаф менамояд, ки нигоҳдорӣ, интиқол, коркард ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти озуқавориро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, аҳолии кишварро бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи босифат таъмин намоянд.

Ҳамчунин тибқи қонуни мазкур риояи меъёрҳои истифодаи ҳормонҳо, нумуяҳо, иловаҳои хӯрока, консервантҳо, таъмдиҳандаҳо ва рангҳои хӯрока дар ҳама зинаҳои занҷираи истеҳсолӣ (парвариш, истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ) ва воридоти маҳсулоти гӯштию ширӣ аз корхонаҳои истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати бевоситаи мақомоти дахлдор қарор мегирад.

Орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳо барои ҳифзи аҳолӣ аз кретинизму дигар бемориҳо зарур мебошад. Тибқи талаботи Қонуни мазкур, бо мақсади пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе анвои ғизоӣ дигар витамину микронутриентҳо илова карда шуда, инчунин ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ низ пешбинӣ шудааст.

Дар раванди татбиқи ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳ ба он равона мегардад, ки бояд маҳсулоти хӯрокворӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд пешкаш гардад то ба саломатии шаҳрвандон зиён нарасонад.

Қонуни мазкур тибқи Қарори Шӯрои МНМО ҶТ аз 29 июни соли 2021 барои хулоса ба кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, тамоми расмиёти дохилиро гузашт. Ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон нисбат ба он 8 таклифу пешниҳод манзур намуданд.

Дар асоси хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 тибқи таклифу пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон матни лоиҳа мутобиқ ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ таҳрир ва такмил дода шуд.

Вобаста ба ин, кумита 15 октябри соли 2021 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси МНМО ҶТ Қодири Қосим, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳоди онро ба ҷаласаи Шӯро мувофиқи мақсад донист.

Дар лоиҳаи қонун ба моддаи 1 сархати панҷум илова гардид, ки он шарҳи сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо, ки дар матни қонун бо чунин мазмун- «сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда-маҷмӯи талаботи техникӣ оид ба мутобиқат ба нишондиҳандаҳои органолептикӣ (таъм, бӯй, ранг ва намуди зоҳирӣ), физикӣ ва кимиёвии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» омадааст, мушаххас менамояд ва ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи «содиркунандагон» калимаи «воридкунандагон» илова карда мешавад.

Дар робита ба ин, доираи субъектоне, ки нисбат ба онҳо қонун татбиқ мегардад, васеъ карда шудааст.

Дар сархати дуюми моддаи 4 ва матни қонун бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» калимаҳои «(ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ)» ба калимаҳои «(санадҳои меъёрии техникӣ)» иваз карда шудаанд, зеро ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ на танҳо тавассути қонуни амалкунанда, балки санадҳои меъёрии техникӣ, яъне регламентҳои техникӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.

Дар қонун бо илова ба моддаи 8 татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ, ки дар қонуни мазкур чунин шарҳ ёфтааст- “микронутриентҳо – моддаҳои ғизоии ивазнопазир, яъне сарчашмаҳои ҳаётан муҳим, ки арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквориро муайян намуда, барои сохти дуруст, рушд, навшавии узвҳо, бофтаҳо, мубодилаи моддаҳо ва рушди ҷисми инсон ба таври умумӣ зарур мебошанд” ва  бемориҳои вобаста ба он ба доираи ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мансуб дониста шудааст.

-Фикр менамоям, ки бо амалӣ гардидани қонуни мазкур яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар боз ҳам беҳтар гардида, дар муҳайё намудани маҳсулоти босифати хӯрокворӣ ва рушди ҷомеаи солим дар мамлакат  саҳми муносиб мегузорад-иброз намуд вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода.

Инчунин дар робита ба ин масъала Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр дошт, ки барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои истеъмолӣ Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вазифадор гардида, саҳми он дар ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии молу маҳсулоти пастсифат, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон назаррас мебошад. Бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» якчанд  чорабиниҳо амалӣ карда шуда, дар баробари ин дар самти назорати бозори истеъмолӣ, татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ низ диққати махсус дода мешавад.

Муҳаммадсаид Файзуллозода афзуд, ки давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 845 705 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ (гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, равған, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, асал, маҳсулоти намакин, маҳсулоти хушк, мева ва буттамеваи тару тоза, полезӣ) гузаронида шуда, аз ин ҳисоб тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ, маҳсулоти ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда шуда,  аз фурӯш боздошта шудаву нобуд карда шуд.

Масъулияти назорати таъмини сифату бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва додани иҷозат барои ворид намудани орд ба ҷумҳурӣ ба зиммаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вогузор карда шудааст. Тибқи регламенти техникии «Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда», тамоми нишондиҳандаҳои бехатарии орди истеъмолӣ бояд мавриди назарсанҷӣ қарор гирад. Кумита раванди воридоти ғаллаи бо иловаҳои биологӣ ғанигардонидашударо бо назардошти қоидаҳои соҳавӣ ва байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, назорат намуда истодааст.

Муҳаммадсаид Файзуллозода гуфт, ки дар 9 моҳ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон ба миқдори 672 ҳазору 829 тонна гандум ворид гардида, ғаллаи воридшуда бо дарназардошти қоидаву тартиботи мавҷуда мутобиқи талаботи фитосанитарӣ баъд аз пешниҳоди хулоса (экспертиза) бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба расмият дароварда шуд ва ба он барои истифода иҷозат дода шудааст. Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои воридшавии маҳсулоти пастсифат барои вайрон намудани қоидаҳои байторию фитосанитарӣ ҳангоми воридоти борҳои таҳти назорати байторӣ ва фитосанитарӣ қарордошта дар ин давра нисбат ба 89 нафар соҳибкор санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷаримаи татбиқгардида дар ҳаҷми 119 800 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид гардид.

Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли равон  таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар мақомоти давлатӣ  дар мавзӯи «Нақши Парлумони Тоҷикистон дар беҳтарсозии ғизо дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд. Дар он масъалаҳои беҳсозии вазъи саломатии мардум,  пешгирии воридоти маводи пастсифату зиёновар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани сифати ғизо, мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ, таҳияи модели устувори истеъмолот ва истеҳсолот баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон иттилоъ дода  шуд, ки 8,9 фоизи аҳолии сайёра ё тақрибан 690 миллион нафар аз ғизои солим танқисӣ мекашанд. Инчунин 144 миллион кӯдаки то синни панҷсола аз қадпастӣ ва 47 миллион аз камвазнӣ ва камхунӣ ранҷ мебаранд.

Мутаассифона, имрӯз байни кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон низ бемориҳое, ба монанди камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида мешаванд. Албатта, ҳамаи ин омилҳо аз таъсири норасоии микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд. Ин вазъ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 монеаи калон эҷод мекунад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон то имрӯз дар самти таъмини аҳолӣ бо ғизои солим якчанд қонун, барнома ва стратегияҳо, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока»,  «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда», “Стратегияи ғизо ва фаъолнокии ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024”, “Стратегия оид ба дурнамои минбаъдаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” ва  ҳоказоро ба тасвиб расонид, ки дар беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини онҳо бо ғизои солим мусоидат менамоянд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз Маҷлиси намояндагон ва манбаъҳои боз

Ноябрь 5, 2021 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолони Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ ва Панҷакент мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони Истаравшан, Шаҳристон ва Деваштич мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Ҷопон аз «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
ИТТИЛОИЯ. Ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунед!
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинону фаъолони ноҳияи Шуғнон мулоқот намуд
КМИР ҶТ: 14 август интихоботи миёнадаврии вакилон ба Маҷлиси намояндагон ба ивази вакилони хориҷшуда доир мегардад
Маҳмадтоир Зокирзода бо Игор Лякин-Фролов мулоқот намуд
Парлумони Тоҷикистон бозпурсӣ тавассути интернетро қонунӣ кард
Номзадии Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Маводҳои таҳлилӣ