«Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид

Ноябрь 5, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 5.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Рӯзи Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар» ҷамъомади идона баргузор гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Муовини якуми Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммаддовуд Саломиён зикр намуд, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омада, мардуми тоҷик ба марҳилаи давлатдории демократӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд.

Зикр шуд, ки Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат манфиатҳои олии мардуми куҳанбунёд ва халқи шарифу матиниродаи моро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия барои рушди давлати демократӣ ва бунёди низоми ҳокимияти давлатӣ асоси ҳуқуқӣ гузошта, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард

Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, арзишҳои аслии башарӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр ва демокративу ҳуқуқбунёд ба марҳилаи тозаи қонунгузорӣ дар қаламрави кишвар асос гузоштанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру демократӣ баҳри рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, афзоиши талабот ба илму дониш ва болоравии маърифатнокию решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ оид ба таҳсили фарзандон, бахусус духтарон имконияти хуб фароҳам гардидааст.

Дар фарҷом гуфта шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва роҳи рушду пешрафти  давлати  тоҷиконро  барои  садсолаҳо  муайян кардааст.

Аксҳо аз Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 5, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд