Конститутсияи Тоҷикистон иродаи олии халқ,- бардошт аз конференсия дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ноябрь 5, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- иродаи халқ дар роҳи давлатсозии миллӣ» Конференсияи ҷумҳуриявии амалию назариявӣ баргузор шуд.

Дар конференсияи мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки мо насли ҷавони мамлакат ифтихорманд аз онем, ки  бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик 6 ноябри соли 1994 санади тақдирсози миллӣ- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон иродаи олии халқ дар роҳи бунёди давлати навини миллат аст.

«Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «халқе, ки дар замираш бунёдкориву созандагӣ сабт шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯидааст ва он моро ба ояндаи нек роҳнамоӣ мекунад». Воқеан, вақт собит намуд, ки Конститутсияи давлати  мо ифодагари орзуву ормони чандҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, дар меъёрҳои он рӯҳияи чандинасраи миллӣ инъикос ёфтаанд. Зеро ин санади олии давлатдорӣ аз фарҳанги пурғановату таърихи қадимаи миллат  сарчашма гирифтааст»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Ҳамчунин дар ҳавоиш зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷ­ҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд. Аз ҷумла, 23 апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­­кистон бори дигар таъкид на­муданд, ки «Конститутсия барои аз байн  бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти  давлатӣ  таҳдид   мекард, шароити  зарурии  ҳуқуқӣ муҳайё кар­­да, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ  раҳоӣ  бахшидани   миллати тоҷик асос гузошт. Ҷиҳати  ра­сидан ба Ваҳдати  миллӣ  таҳкурсии   устувор  гардид ва дар он мар­ҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории  тоҷикон  нақши  тақ­дирсозу  ҳалкунанда  бозид».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дебо­чаи худ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эъ­лон намуда, масъулияти таърихии онро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муайян намуд. Мақсади таърихии худро дар баробари таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, му­­қаддас до­нис­тани озодӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс, таъмин ва кафолати баробарӣ ва дӯстии тамоми хадқу миллатҳо, инчунин аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин  раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Маҳмадшозода доир ба ҷанбаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози андеша намуданд.

АКСҲО аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ноябрь 5, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад