Ду филми ҳунарии «Тоҷикфилм» ба Кинофестивали XVII байналмилалии «Листопад» пешниҳод гардидаанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Кинофестивали XVII байналмилалии «Листопад»ва ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Барои иштирок дар ин кинофестивал ду филми ҳунарии «Тоҷикфилм» — «Автобус» ва «Охирин сайди сайёд» пешниҳод гардидаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Дар кинофестивали мазкур филмҳо аз давлатҳои Русия, Эрон, Эстония, Чин, Озарбойҷон, Ветнам, Нигерия, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Фаронса, Гурҷистон, Швейтсария ва дигар кишварҳо намоиш дода мешаванд.
Дар Кинофестивали XVII байналмилалии «Листопад» ва ҷаласаи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистонро директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён намояндагӣ хоҳад намуд.
Дар доираи Шӯрои директорони киностудияҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзои Созишнома оид ба филмбардории муштарак миёни кишварҳои аъзои ИДМ ва Гурҷистон дар назар аст.
АКС аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






