Маҷлиси намояндагон: Ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр мегардад

Ноябрь 1, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 01.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни баррасии санади мазкур иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда таҳия гаштааст.

Тибқи лоиҳа, дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ ҷаримаҳо ба андозаи муайян зиёд карда мешаванд.  Дар асоси лоиҳа ба боби 19 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) тағйирот ворид карда мешавад, ки мувофиқи он дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 340 «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ» ҷаримаи маъмурӣ мувофиқан аз ҳаштяк то нисф ва аз нисф то як ба аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад.

Мувофиқи лоиҳа ба боби 25 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣдар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ) иловаи нав  ба моддаи 451 ворид мегардад, ки тибқи он қисми 2 бо чунин мазмун «Барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан, ба истиснои сабзазоре, ки бо мақсадҳои сайругашт ё истироҳату фароғат пешбинӣ шудаанд» илова карда мешавад. Ҷаримаи чунин ҳуқуқвайронкунӣ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 14, 17, 36, 42-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 83-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

АКС: МН МО ҶТ

Ноябрь 1, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд