Маҷлиси намояндагон: Ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр мегардад
ДУШАНБЕ, 01.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни баррасии санади мазкур иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда таҳия гаштааст.
Тибқи лоиҳа, дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ ҷаримаҳо ба андозаи муайян зиёд карда мешаванд. Дар асоси лоиҳа ба боби 19 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) тағйирот ворид карда мешавад, ки мувофиқи он дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 340 «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ» ҷаримаи маъмурӣ мувофиқан аз ҳаштяк то нисф ва аз нисф то як ба аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад.
Мувофиқи лоиҳа ба боби 25 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣдар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ) иловаи нав ба моддаи 451 ворид мегардад, ки тибқи он қисми 2 бо чунин мазмун «Барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан, ба истиснои сабзазоре, ки бо мақсадҳои сайругашт ё истироҳату фароғат пешбинӣ шудаанд» илова карда мешавад. Ҷаримаи чунин ҳуқуқвайронкунӣ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 14, 17, 36, 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 83-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
АКС: МН МО ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Маросими дар оромгоҳи Лучоб гузоштани қисмате аз хоки гӯристони Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд






