Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб ба давраи зимистон омода мебошад

Ноябрь 10, 2021 11:00

КӮЛОБ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии хуб дида, бинои хобгоҳ, таълимгоҳ, дигар иншооти ёрирасон ва дару тирезаҳоро сари вақт таъмир карда, печҳои барқиро низ тайёр намудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Тавре директори муассиса Сурайё Бадарғаева иттилоъ дод, дар Мактаб-интернати ёрирасони рақами 1 дар шаҳри Кӯлоб  дар баробари таъмир ҳамаи тарбиятгирандагон бо либоси гарми зимистона таъмин мебошанд. Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бинои мактаб-интернат аз таъмир бароварда шуд ва хонандагон метавонанд зимистони имсоларо бе мушкилӣ паси сар намоянд.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб» низ корҳои шишабандии тирезаҳо ба анҷом расонида шуда, барои зимистон 22 куб ҳезум, 4 тоннаю 200 килограмм ангишт ва дигар намуди маводи сӯхт захира кардаанд. Инчунин барои хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимӣ 65 адад печҳои барқӣ омода гардидаанд, ки дар рӯзҳои аввали сардӣ тақсим карда мешаванд.

Инчунин тибқи нақша ва иҷрои  маблағгузорӣ  барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  муассисаҳои буҷетӣ  дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҷониби раёсати молияи шаҳри Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба аксар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, литсей, гимназия ва мактаб-интернатҳо барои зимистонгузаронӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ба гуфти сардори  раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Баҳриддин Султонов,  мувофиқи нақша ба соҳаи маориф 85100 сомонӣ, тандурустӣ- 50000 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 135100 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 93,1%-и нақшаро дар бар мегирад. Маблағгузорӣ дар ин самт идома дорад.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 10, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид