Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб ба давраи зимистон омода мебошад
КӮЛОБ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии хуб дида, бинои хобгоҳ, таълимгоҳ, дигар иншооти ёрирасон ва дару тирезаҳоро сари вақт таъмир карда, печҳои барқиро низ тайёр намудаанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Тавре директори муассиса Сурайё Бадарғаева иттилоъ дод, дар Мактаб-интернати ёрирасони рақами 1 дар шаҳри Кӯлоб дар баробари таъмир ҳамаи тарбиятгирандагон бо либоси гарми зимистона таъмин мебошанд. Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бинои мактаб-интернат аз таъмир бароварда шуд ва хонандагон метавонанд зимистони имсоларо бе мушкилӣ паси сар намоянд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб» низ корҳои шишабандии тирезаҳо ба анҷом расонида шуда, барои зимистон 22 куб ҳезум, 4 тоннаю 200 килограмм ангишт ва дигар намуди маводи сӯхт захира кардаанд. Инчунин барои хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимӣ 65 адад печҳои барқӣ омода гардидаанд, ки дар рӯзҳои аввали сардӣ тақсим карда мешаванд.
Инчунин тибқи нақша ва иҷрои маблағгузорӣ барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҷониби раёсати молияи шаҳри Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба аксар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, литсей, гимназия ва мактаб-интернатҳо барои зимистонгузаронӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Ба гуфти сардори раёсати молияи шаҳри Кӯлоб Баҳриддин Султонов, мувофиқи нақша ба соҳаи маориф 85100 сомонӣ, тандурустӣ- 50000 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 135100 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 93,1%-и нақшаро дар бар мегирад. Маблағгузорӣ дар ин самт идома дорад.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






