Масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СПЕКА баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /СПЕКА/, бахусус таъсиси Фонд ва Котиботи СПЕКА, савдо, иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар радифи намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва созмонҳою ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода намояндагӣ намуд.
А. Абдураҳмонзода тақвияти ҳамкориро дар ин самт бо кишварҳои минтақа, махсусан дар давраи пандемия зарур шуморида, таъсис додани Фонд ва Котиботи СПЕКА-ро иқдоми хуб арзёбӣ кард ва дар робита ба он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар пешниҳод намуд, ки аз ҷониби кишварҳо пазируфта шуд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои марбут ба экология таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли равон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад ва он аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СПЕКА пазируфта шуд.
Масъалаи мазкур дар матни «Эъломияи Тошканд», ки дар ҷараёни ҷаласа қабул гардид, дарҷ ёфтааст.
АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






