Моҳи ноябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 1 дараҷа баланд шуда, даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани бориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳо дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 9+13 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 7+8 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳ ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа шуда, рӯзона ҳарорат тағйир меёбад ва то 17+22 дараҷа паст мефарояд. Дар охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7, рӯзона 16+21 дараҷа гармӣ дар назар буда, охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ шудааст.
Бориш дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон дар ҳудуди меъёри иқлимӣ дар назар дошта шуда, дар минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ паст пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ ба амал омадани бориш дар назар аст. Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 2-3 дараҷа гармтар пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-1,5 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 8+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд пешбинӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 2+7 дараҷа гарм то -2+3 дараҷа, рӯзона аз 15+20 то 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2 то 2-7 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 9+14 то 3+8 дараҷа гарм мешавад. Охири моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар даҳрӯзаи дуюм ва сеюми моҳи ноябр дар вилояти Суғд бориши борон ва барфи тар пешбинӣ мешавад.
Вазъи миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд нисбат ба моҳи ноябри соли 2020 гармтар пешгӯӣ мешавад.
Инчунин моҳи ноябр вазъи ҳаво дар ғарби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ аз меъёр 1 дараҷа пасттар мешавад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 12+17 дараҷа гармӣ то 6+11 дараҷа расида, охири моҳ пастшавии ҳарорат дар назар аст.
Миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани борон ва барф дар назар аст.
Дар шарқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, 8-11 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Ҳаво шабона аз 12-17 то 20-25 дараҷа хунук, рӯзона аз 0+5 дараҷа гарм то 2-7 дараҷа хунук мешавад. Охири моҳи ноябр ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 25-30 ва рӯзона то 8-13 дараҷа хунук мешавад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд






