Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт барои гузаронидани давраи зимистон омода мебошанд

Ноябрь 11, 2021 12:01

РАШТ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои  автомобилгард»-и  минтақаи Рашт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021» дар 8 муассисаи  давлатии нигоҳдории  роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои Ҳоиту Лахш 3975 м3   маводи зиддилағжиш, 22 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум ва 17 ҳазору 200 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст, иттилоъ дод сармуҳандиси Муассисаи   давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои  автомобилгард»-и  минтақаи Рашт Оимнисо Таваккалова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Идораи хоҷагии роҳҳои  автомобилгарди  минтақаи Рашт дар тавозуни худ  941,6  км роҳҳоро ба уҳда дорад, ки аз он 299,1 км роҳҳои  байналмилалӣ, 174,64 км  роҳҳои ҷумҳуриявӣ  ва 467,88 км роҳҳои  маҳаллӣ мебошанд.

Соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт 244 км роҳҳо таъмири  асосӣ ва ҷорӣ  гардида, 660 метри тӯлонӣ пулҳо  таъмир ва барқарор шуданд. Дар роҳҳои байналмилалӣ зиёда аз 15-ададӣ қубури нав ба андозаи 1000 насб карда шуд. Инчунин барои зимистонгузаронӣ 50 адад техника ва механизмҳо мавриди омодабош қарор доранд. Аз ин шумора 6 адад техникаи роҳдорӣ ба таври доимӣ дар ағбаҳои Қарамиқи  ноҳияи Лахш ва Сичароғ-Алигалабони ноҳияи Нуробод вобаста карда шудаанд.

Ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар ҳамаи фаслҳои сол аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои  Тоҷикобод 132 ҳазор сомонӣ,  Лахш 150 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Рашт 20 ҳазору 87 сомонӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои мазкур маблағгузорӣ шудааст.

Вале  то имрӯз барои тоза намудани роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои Сангвору  Нуробод ва  минтақаи Ҳоит аз барфу сангрезаҳо дар фасли баҳору зимистон ва таъмири ҷорӣ намудани онҳо дар фасли тобистон ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо  нагардидааст.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Ноябрь 11, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад